Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммад Ал-Ҳанади рӯзи якшанбе афзӯд: Режими саҳюнистӣ гирифтори мушкилоти дохилӣ аст ва наметавонад бо таҳмили шароити амниятии ҷадид ба муҳити атрофи худ аз ин мушкилот фарор кунад.
Вай бо баёни ин, ки нерӯҳҳои Қудс барои набарди чанд моҳа омода буданд , афзӯд: Ишғолгарон аз якпорчагии майдон нигарон буданд ва метарсиданд, ки Ҳамос вориди рӯё рӯии мустақим бо онҳо шавад.
Ал-Ҳанадӣ, мавзӯъи Фаластинро масъалаи ҳамаи уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон донист ва изофа кард: Меҳвари муқовимат дар рӯзҳои ахир шикаст ва нокомии Исроил дар тафриқа афканӣ ва тармими боздорандагиашро ба исбот расонд.
342/